Jump to content

Тоҷмаҳал: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 18: Сатри 18:
|Услуби меъморӣ = Меъмории исломӣ
|Услуби меъморӣ = Меъмории исломӣ
|Муаллифи лоиҳа = [[Шоҳ-Ҷаҳон]]
|Муаллифи лоиҳа = [[Шоҳ-Ҷаҳон]]
|Меъмор = Устод Аҳмад Лоҳурӣ ва Исо
|Меъмор = [[Устод Аҳмад Лоҳурӣ]]
|Бинокор =
|Бинокор =
|Ташаббускори сохтумон =
|Ташаббускори сохтумон =
Сатри 50: Сатри 50:


=Таърих=
=Таърих=
Яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории ҳинду [[ислом]]ӣ дар давраи ҳукмронии [[Темуриёни ҳинд]] (1526-1858) мақбараи зани Шоҳҷаҳон- Мумтозмаҳал, ки солҳои 1630-1652 дар назди Агра дар соҳили рӯди Ҷамна бунёд шудааст, (баътар худи Шоҳҷаҳонро ҳам дар Тоҷмаҳал дафн кардаанд).
Яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории ҳинду [[ислом]]ӣ дар давраи ҳукмронии [[Темуриёни ҳинд|Мугулҳои ҳинд]] (1526-1858) мақбараи зани Шоҳҷаҳон- Мумтозмаҳал, ки солҳои 1630-1652 дар назди Агра дар соҳили рӯди Ҷамна бунёд шудааст, (баътар худи Шоҳҷаҳонро ҳам дар Тоҷмаҳал дафн кардаанд).


=Сохтмон=
=Сохтмон=
Бунёди мақбара 22 сол тӯл кашида ва соли 1652 ба итмом расидааст. Барои зинату ороиши Тоҷмаҳал устухони 2-ҳазор [[фил]] истифода гардидааст. Тоҷмаҳал (маъмораш аз рӯи тахминҳо устод Исо) бинои Панҷгунбазаест (баландиаш 74 метр), ки дар кунҷҳояш 4 [[манора]] (баландиаш 45 метр) қомат афрохтааст. Деворҳои Тоҷмаҳал аз [[мармар]]и сафед буда, рӯяш бо сангҳои қиматбаҳои зумуррад, ақиқ, қаҳрабо ва ғайра ҳотамкорӣ шудааст. Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебоӣ, нафосати бадеӣ ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарҳ яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад. Тоҷмаҳал на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин кишварҳо бино ёфтааст.
Бунёди мақбара 22 сол тӯл кашида ва соли 1652 ба итмом расидааст. Барои зинату ороиши Тоҷмаҳал устухони 2-ҳазор [[фил]] истифода гардидааст. Тоҷмаҳал (маъмораш аз рӯи тахминҳо [[Устод Аҳмад Лоҳурӣ]]) бинои Панҷгунбазаест (баландиаш 74 метр), ки дар кунҷҳояш 4 [[манора]] (баландиаш 45 метр) қомат афрохтааст. Деворҳои Тоҷмаҳал аз [[мармар]]и сафед буда, рӯяш бо сангҳои қиматбаҳои зумуррад, ақиқ, қаҳрабо ва ғайра ҳотамкорӣ шудааст. Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебоӣ, нафосати бадеӣ ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарҳ яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад. Тоҷмаҳал на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин кишварҳо бино ёфтааст.
[[Гурӯҳ:Масҷидҳои дунёи ислом]]
[[Гурӯҳ:Масҷидҳои дунёи ислом]]
{{ҷавона}}
{{ҷавона}}

Нусха 08:53, 12 Декабри 2016

Масҷид
Тоҷмаҳал
Кишвар
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Муаллиф Лоиҳа Шоҳ-Ҷаҳон
Архитектор Устод Аҳмад Лоҳурӣ
Арзиш 32 000 000 $
Майдони умумӣ
  • 17 га
Шумораи манораҳо 4
Баландии манора 45 метр
Таркиб Мармар
Вебгоҳ tajmahal.gov.in(англ.)(ҳин.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тоҷмаҳал (ҳинди : ताज महल, англ.: Taj Mahal), аз пуровозатарин бунҳои ҷаҳон ва оромгоҳи зебо ва бошукуҳ аст ки дар наздикии шаҳри Агра ва дар 200 километрии Ҷануби Деҳли воқеъ шудааст ва яке аз аҷоиботи ҳафтгонаи ҷадиди дунё ба шумор меравад.

Таърих

Яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории ҳинду исломӣ дар давраи ҳукмронии Мугулҳои ҳинд (1526-1858) мақбараи зани Шоҳҷаҳон- Мумтозмаҳал, ки солҳои 1630-1652 дар назди Агра дар соҳили рӯди Ҷамна бунёд шудааст, (баътар худи Шоҳҷаҳонро ҳам дар Тоҷмаҳал дафн кардаанд).

Сохтмон

Бунёди мақбара 22 сол тӯл кашида ва соли 1652 ба итмом расидааст. Барои зинату ороиши Тоҷмаҳал устухони 2-ҳазор фил истифода гардидааст. Тоҷмаҳал (маъмораш аз рӯи тахминҳо Устод Аҳмад Лоҳурӣ) бинои Панҷгунбазаест (баландиаш 74 метр), ки дар кунҷҳояш 4 манора (баландиаш 45 метр) қомат афрохтааст. Деворҳои Тоҷмаҳал аз мармари сафед буда, рӯяш бо сангҳои қиматбаҳои зумуррад, ақиқ, қаҳрабо ва ғайра ҳотамкорӣ шудааст. Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебоӣ, нафосати бадеӣ ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарҳ яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад. Тоҷмаҳал на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин кишварҳо бино ёфтааст.

  1. TAJ MAHAL // History — 1995.
  2. archINFORM (нем.) — 1994.