Jump to content

Тоҷмаҳал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷмаҳал

Тоҷмаҳал (ҳинди : ताज महल, англ.: Taj Mahal), аз пуровозатарин бунҳои ҷаҳон ва оромгоҳи зебо ва бошукух аст ки дар наздикии шаҳри Агра ва дар 200 километрии Ҷануби Деҳли воқеъ шудааст ва якӣ аз ачоиботи ҳафтгонаи ҷадиди дунё ба шумор меравад.

Таърих

Яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории ҳинду исломи дар давраи ҳукмронии Темуриёни ҳинд (1526-1858) мақбараи зани Шоҳҷаҳон- Мумтозмаҳал, ки солҳои 1630-1652 дар назди Агра дар соҳили рӯди Ҷамна бунёд шудааст, (баътар худи Шоҳҷаҳонро ҳам дар Тоҷмаҳал дафн кардаанд).

Сохтмон

Бунёди маќбара 22 сол тўл кашида ва соли 1652 ба итмом расидааст. Барои зинату ороиши Тољмањал устухони 2-њазор фил истифода гардидааст. Тољмањал (маъмораш аз рўи тахминњо устод Исо) бинои Панљгунбазаест (баландиаш 74 метр), ки дар кунљњояш 4 манора (баландиаш 45 метр) ќомат афрохтааст. Деворњои Тољмањал аз мармари сафед буда, рўяш бо сангњои ќиматбањои зумуррад, аќиќ, ќањрабо ва ѓайра њотамкорї шудааст. Тољмањал аз рўи шањомати зебої, нафосати бадеї ва ороишоти гаронбањо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарњ яке аз мўъљизањои олам ба шумор меравад. Тољмањал на танњо комёбию бозёфтњои њунармандони њинд, балки таљассуми анъанаи бой ва нозукињои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо њамдастии меъморону њунармандони ин кишварњо бино ёфтааст.