Jump to content

Тоҷмаҳал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масҷид
Тоҷмаҳал
Кишвар  Ҳиндустон
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Арзиш 32 000 000 $
Майдони умумӣ
  • 17 га
Таркиб Мармар
Вебгоҳ tajmahal.gov.in(англ.)(ҳин.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тоҷмаҳал (ҳинди : ताज महल, англ.: Taj Mahal), аз пуровозатарин бунҳои ҷаҳон ва оромгоҳи зебо ва бошукух аст ки дар наздикии шаҳри Агра ва дар 200 километрии Ҷануби Деҳли воқеъ шудааст ва якӣ аз ачоиботи ҳафтгонаи ҷадиди дунё ба шумор меравад.

Таърих

Яке аз намоёнтарин ёдгории меъмории ҳинду исломи дар давраи ҳукмронии Темуриёни ҳинд (1526-1858) мақбараи зани Шоҳҷаҳон- Мумтозмаҳал, ки солҳои 1630-1652 дар назди Агра дар соҳили рӯди Ҷамна бунёд шудааст, (баътар худи Шоҳҷаҳонро ҳам дар Тоҷмаҳал дафн кардаанд).

Сохтмон

Бунёди мақбара 22 сол тӯл кашида ва соли 1652 ба итмом расидааст. Барои зинату ороиши Тоҷмаҳал устухони 2-ҳазор фил истифода гардидааст. Тоҷмаҳал (маъмораш аз рӯи тахминҳо устод Исо) бинои Панҷгунбазаест (баландиаш 74 метр), ки дар кунҷҳояш 4 манора (баландиаш 45 метр) қомат афрохтааст. Деворҳои Тоҷмаҳал аз мармари сафед буда, рӯяш бо сангҳои қиматбаҳои зумуррад, ақиқ, қаҳрабо ва ғайра ҳотамкори шудааст. Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебои, нафосати бадеи ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва таносуби дилрабои тарҳ яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад. Тоҷмаҳал на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин кишварҳо бино ёфтааст.