Navju Tech
Зоҳир
Навъ | ширкати фанноварӣ, ширкати нармафзорӣ[d] ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд |
---|---|
Таъсисёбӣ | 2020 |
Бунёнгузорон | Зинҳор Насрӣ, Хайём Сарахон |
Макон | |
Афроди калидӣ |
Зинҳор Насрӣ (муассис ва директори технологӣ) Иброҳим Қурбонов (саҳҳом ва директори амалиётӣ) |
Бахш | тавсеъаи веб[d] |
Сайт | navju.tech |
«Navju Tech» — ширкати фанноварии иттилоот[1][2] дар Тоҷикистон.
Хадамоти ширкат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бозори дохилии Тоҷикистон ширкати «Navju Tech» бо сохтани вебгоҳҳо, барномаҳои мобилӣ барои Android ва IOS, тавассути имкониятҳои техникӣ беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва техникӣ машғул аст[3][4]. Navju Tech ҳамчун як ширкати фанноварии дар ҳоли рушд лоиҳаҳои технологии худро дастраси мардум менамояд. Айни ҳол лоиҳаҳои Navju дар Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолона кор мекунанд.
Лоиҳаҳои ширкат
[вироиш | вироиши манбаъ]- Dushanbe.me (dume.tj) — медиа-платформаи замонавиест, ки аз саҳифаи Instagram декабри 2022 оғоз гардида, имрӯз ба як платформаи медиавӣ дорои веб-сомонаи табдил ёфтааст. Самти асосии лоиҳа дастрасӣ ба иттилоотӣ баландсифат барои ҷавонон буда, дар худ бахшҳои ҷавонон, варзиш, ҷомеа, технологияҳо, ҷаҳон, маориф ва фарҳангро дар бар мегирад[5].
- White Agency — оҷонсии маркетингие дар Узбекистон, ки ба пешбурди саҳифаҳои ширкатҳо тавассути хизматрасониҳои СММ, Digital-Marketing ва CEO — оптимизатсия аз соли 2023 машғул аст.[6]
Navju Tech ва Википедияи Тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкати «Navju Tech» дар ҳамкорӣ бо «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» ва пуштибонии чанде аз ширкатҳои дигар 27 январи соли 2024 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе маросими «20-солагии Википедияи Тоҷикӣ»-ро баргузор кард[7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фонд развития инноваций и промышленности(рус.). 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ О нас(рус.). Navju Tech. 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Услуги(рус.). Navju Tech. 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Файзуллохон Обидов. «Аз хурд оғоз кунед!» Зинҳор чӣ тавр аз барномасози интернет – мағозаҳо то ба ҳаммуассисии ширкати Navju Tech расид. your.tj.
- ↑ dushanbe.me(рус.). Медиа о людях и жизни в Душанбе. 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Instagram. www.instagram.com. 18 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ В Душанбе состоялся церемония «20-летия Таджикской Википедии»(рус.). Медиа о людях и жизни в Душанбе (1 феврали 2024). 18 апрели 2024 санҷида шуд.